БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИГОҲУБИН ВА ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ВОЛОНТЁРОНИ ҲИЗБӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба татбиқи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Нигоҳубин ва дастгирии ниёзмандон” дар ҳавлии пири рӯзгордида Амиршоева Раҳима сокини Ҷамоати шаҳраки Фархор ҳашари дастаҷамъона  доир намуданд.

Дар ин рӯз волонтёрон як қатор корҳоро, аз қабили нарм кардани замини наздиҳавлигӣ, тоза намудани гирду атрофи хонаи истиқоматӣ ва дигар корҳои хоҷагидории заруриро ба анҷом расонида, минбаъд  чунин иқдом идома ёфта, ба шахсони яккаву танҳо, пирони рӯзгордида, бепарасторон ва маъюбон ҷиҳати иҷрои рӯзғордории онҳо аз тарафи волонтёрон кумак расонида мешавад. Аз ин иқдоми неки ҳизбиён шахсони эҳтиҷманд рӯҳбаланд гардида, ин ҳама дастгириҳоро идомаи ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg