ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаҳои Носири Хусрав 29,31 ва Имоми Аъзам бо бошандагони кӯчаҳои мазкур вохӯрӣ сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб иштирок доштанд.
Вохӯриро Валиев Суҳроб кушода, зимни баромад мавсуф вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки маҳз бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба ҳам омада ва ин дастовард боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд. Ҳамин сулҳу салоҳи беназир ва вусъатбори мо буд, ки Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳарфу садои мо гӯш мекунад.
Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон - Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоя намояд ва онро азизу муқаддас дорад. Ба қадри Модар-Ватан, муқаддасоти миллӣ - истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда талош варзад.