БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсия мебошад, ки 6-ноябри соли 1994 сурат гирифтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувории сулҳу ваҳдат раҳнамоӣ ҳамешагии мо мебошад. Сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, тақозои замон, пешравии ҷомеа ва кишвари азизи мо – тоҷикон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва он арзиши олии миллат ҳисобида шудааст. Рушди устувори босуботи ҷомеа бахусус, ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Дар робита ба ин санаи 26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22-майи соли 2016 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва  кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамояд. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, ки дар он номи давлат сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Он аслан қонуни асосии давлат ҳисобида шудааст. Конститутсия ҳуҷҷати муътабару тақдирсози ҳар як миллату давлат аст.

Дар моддаи 1-уми  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд. Конститутсия барои сулҳу ваҳдат расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Имсол мо 26 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн хоҳем гирифт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии олии давлат, муайянкунандаи асосҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад. Дар ин замина мо - ҷавононро зарур аст, ки ҳуқуқҳои Конститутсияро ҳифз ва эҳтиром намоем.

Ибронзода Фарзона,   донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg