БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗМУ ИРОДАИ МО БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз  дар ташкилоти ибтидоии «Ҷиликӯл» маҷлис оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар маҷлис мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла ттарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри  сулҳу ваҳдату ягонагии кишвар ва саҳм гузоштан дар  корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ карда, афзуд, ки  агар мо  бо ҳамагуна  амалҳои зишту номатлуб дастаҷамъона мубориза барему  бо қадамҳои устувор  баҳри боз ҳам рушд кардани  Ватани азизамон талош варзем, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида,  аз ин дида зиндагии шоиста таъмин хоҳем шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg