БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БАЙН БУРДАНИ ТААССУБИ ДИНӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ БО ҲАДАФИ СОЛИМ НИГОҲ ДОШТАНИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА

АНДЕША.  Сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷамбаҳои ҳаёти он мебошад. Ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Бо дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфиатҷӯву тахрибкор баръакс, бо ифротисозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона месозанд. Чуноне дар боло гуфта шуд, дин аз ҳама нуқтаи  ҳассоси  ҳаёти  маънавии ҷомеаро  ташкил медиҳад ва бо дарки ин нахуст ҳуҷуми гурӯҳҳои  ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикастани рӯҳияи давлатдории  миллӣ  равона  карда  шудааст. Аз ин ҷост, ки ҳамаи ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба он нигаронида шудааст, ки рӯҳияи миллии мардум бо рӯҳияи давлатӣ ҳамрадиф мебошанд. Муҳим будани ин андешаро аксари мардумони хирадманд ва кишварҳое, ки садсолаҳо собиқаи давлатдорӣ доранд, пазируфтаанд. Бояд зикр намуд, ки дар ҳамаи давру замонҳо боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ва омили нооромиҳову гирифториҳо таассуби динӣ мебошад. Таассуби диниро метавон чунин таъриф кард: “Эътиқод ва пайравии кӯркӯронаи хеле сахтгир ба ин ё он ақидаи диннамо, ё бовариҳои дину мазҳабҳо чун ҳақиқати ягона” Таассуб  навъе  аз  ҳолати рӯҳию равонии шахсест, ки бо эҳсосот асос дорад, на ба ақл, аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризми динӣ гаштааст.

Ибодов Диловар, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg