БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ – ҲИМОЯГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

АНДЕША. Рӯзи 6  ноябри соли 1994, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт шудааст.Ин хуҷҷати тақдирсоз замоне қабул гардид, ки Тоҷикистон дар шароити басо мураккаби сиёсиву иқтисодӣ қарор дошт. Конститутсия воқеан ҳам санади муҳиме гардид, ки мардум неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятиро ҷамъ овард ва заминаи мустаҳакам барои сулҳи пойдор ва тараққиёту пешрафти кишвар гузошт. Конститутсия низ пешбинӣ намудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуи деринаи мардуми тоҷикро дар воқеият амалӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти кишвар аст, балки асосогузори офарандаи давлати навини соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин мафҳум рисолати таърихии беназири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихист, ки ба арсаи сиёсат дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози Тоҷикстон падид омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби мо, Сарвари мо, эҳсоси мардуми оддиро ба хубӣ дарк менамояд.Таърих собит сохт, ки вохӯриву мулоқотҳо он айём мисли обу ҳаво зарур буданд, то халқи азияткашида донад, ки ҳамакнун зери ҳимояи давлату ҳукумат қарор хоҳад гирифт.То кунун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилот доим дар паҳлуи мардуманд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихормандона  кишвари ҳамешабаҳори моро ба арсаи олам ба ҳайси давлати мустақил, дорои саҳифаҳои дурахшони таърихию фарҳангӣ ва забону адабиёти ғанӣ ба оламиён муаррифӣ намуд.

Халқи тоҷик  дорои давлати мустақил, Конститутсия, Парчаму нишон ва дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба расмият шинохта шудааст. Акнун Тоҷикистон ва тоҷикистониён ифтихор доранд, ки Конститутсия, Пули миллӣ ва рамзҳои давлатӣ доранд ва фарзандони сарбаланди тоҷик бо ифтихори ватандорӣ марзу буми кишварашонро худашон ҳимоя менамоянд. Имконпазир гардидани ҳамаи ин неъматҳои зандагӣ бо шарофату  фазилат ва заковати Сарвари ғамхору дурандеш ва миллатдӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Боиси ифтихору  сарфарозист, ки имсол дар кишварамон 26 - умин солгарди санади барои давлату миллат муҳим, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда тибқи ниёзу ормонҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Воҳидзода  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg