ВОСЕЪ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ин вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суханронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ худорӣ намуда, бо дарки авзои ҷаҳони муосир ва фазои сулҳу суботи Ватани азизамон дар ҳифзу нигоҳдории тинҷию осудагӣ саҳми худро гузорем.