БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳамарӯза дар ноҳияи Балҷувон низ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, сокинон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем»! як қатор корҳои созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар Аксияи ҳизбӣ аъзои ҲХДТ, волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона гирду атрофи ташкилоту муассисаҳоро тозаю озода намуда, гулгаштро аз алафҳои бегона тоза ва атрофи дарахтони ҳамешасабзу ороиширо нарм карданд. Ҳамчунин иштирокчиёни Аксия тасмим гирифтаанд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани гулгашти маркази ноҳия ҳамеша ҳиссагузорӣ хоҳанд намуд.