БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲУ ВАҲДАТ - БАХТИ МИЛЛАТ

             Он чи ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст,

            Он чи рангин мекунад  ин рӯзгорон, ваҳдат аст.

АНДЕША. Оре, сафову баракат ва иқболи ҳар як шахс аз ваҳдату сарҷамъии миллат сарчашма мегирад.  Имрӯз ҳар яки мо аз меваҳои сулҳу ваҳдати пойдор, ки бо заҳматҳои зиёд ба даст омадааст, ком ширин менамоем.   Мардуми мо ба қадри сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки  таърихи тӯлонӣ  ва пурмоҷаро дорад, мерасад.

Баъди ноил шудан  ба Истиқлолияти давлатӣ душманон ва хоинони Ватан ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик мусибатҳои гӯшношунидро оварданд. Онҳо барои расидан ба мақсади нопоки худ фарзандони як миллат, як модарро ба муқобили якдигар бархезонданд.  Ҷанги  шаҳрвандӣ  хазинаи давлатро муфлис, мардумро ғарибу  бехонумон гардонид.

Он рӯзҳо барои ҳама душвор буд. Кам монда буд, ки давлату миллат аз байн равад.  Ба иқболи миллат дар он лаҳзаҳои ҳалкунанда   бо хости Худо фарзанди фарзонаи  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва миллату давлатро аз хавфи нобудшавӣ наҷот бахшид.  Пешвои миллат аз қадамҳои аввалини фаъолияташ дар мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ҳалли  мусолиҳатомези  низои тоҷиконро пеш гирифта, ҳар ду тарафи даргирро ба сулҳу ваҳдат даъват намуд  ва дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат аз худ ҷоннисорӣ нишон дод.

Ин аст, ки вақте мо дар бораи сулҳу ваҳдат сухан меронем,  пеш аз ҳама заҳматҳои дар ин роҳ кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд.

Табиист, ки кас баъди чашидани талхии ҳаёт  ба қадри ширинии он ҳам  мерасад.  Мардуми мо ҳам баъди аз сар гузаронидани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ба қадри сулҳу ваҳдате, ки имрӯз тавассути заҳматҳои Пешвои миллат насибамон гардидааст,  мерасанд ва намегузоранд, ки ваҳдат ва дӯстии  байни онҳоро касе халалдор созад.

Халқҳоро баҳри парвоз беҳ зи ваҳдат бол нест,

Миллатеро давлати беҳтар зи истиқлол нест.

Боз кун дасти дуо, эй дӯст, ҳар шому саҳар,

Он чи аз офат диҳад моро наҷот, он ваҳдат аст.

Саидмаҳмудов Исфандиёр, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg