БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАҲО АЗ НУҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз фаъолияти нуҳмоҳаи худ натиҷагирӣ кард. Дар ҷаласа аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, раисону муовинон-мудирони шуъбаҳои ташкилӣ ва сармуҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои давраҳои ояндаи фаъолият, натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди вилоятии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ буда, дар ҷаласаи имрӯза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вобаста ба масъалаи якум баромад намуда аз ҷумла иброз дошт:

– Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли равон ба як қатор муваффакиятҳо ноил гардидааст. Кормандони сохторҳои ҳизбии вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва дар фазои орому осоишта баргузор намудани маъракаҳои сиёсӣ – интихоботи парламентӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзида, музаффариятҳои назарасро ба даст оварданд. Инчунин ҳизбиён дар муқовимат бо пандемияи ҷаҳонии коронавирус ҳамарӯза дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Тибқи арқоми оморӣ дар вилояти Хатлон аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 37% дар сатҳи кишвар баробар мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ ба 1341 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон ба 1010 сомонӣ баробар аст, ҳаққи аъзогӣ ба ҳисоби миёна мувофиқан бояд ба 13,4 ва ё 10,1 сомонӣ (ба ҳар нафар/аъзо) бошад. Аммо тибқи таҳлилҳо дар нуҳ моҳи ҳисоботӣ ин рақам дар сатҳи вилоят бо дарназардошти аъзои пардохткунандаи ҳизб ҳамагӣ ба 6,2 сомонӣ баробар мебошад, яъне 1,6 маротиба кам аз меъёри болозикр.

Ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ҳудуди вилоят 3040 адад мебошанд, ки аз ин 1565 ададаш ба ташкилотҳои итидои маҳаллаву деҳот рост меояд. Ҳайати сифатии аъзои ҳизб аз ҳиссаи пардохткунандагон, сатҳи маълумот, синну сол, ҷинс, сатҳи қабул ба сафи ҳизб, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, ташаббускорию навовариҳо иборат мебошад.

Тибқи маъумоти дастрасшуда то 1 октябри соли 2020 дар сафи аъзои ҳизб занон 45%, ҷавонон 37%, нафақахӯрон 4,1%, бо маълумоти олӣ 29,5% ва бо маълумоти миёна 38%-ро ташкил медиҳад.

Фаъолияти таблиғотию ташвиқотӣ, ки аз чорабиниҳои ташкилию оммавӣ ибора мебшанд, ҳамарӯза мавриди амал қарор дорад. Дар маҷмӯъ 593450 чорабинӣ бо фарогирии 2272145 нафар, ки 17% ин таносубро вохӯриву мулоқотҳои тарғиботии пешазинтихоботӣ ташкил медиҳанд, доир карда шуданд. Дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ дар арафаи санаҳои таърихӣ ба 12279 нафар занон дар шакли моддию пулӣ кумак расонида шуд, ки ба 59% шумораи умумӣ баробар аст.

Дар самти рушди ҳунармандӣ корҳои таблиғотӣ ешар гардида, барои дастгирии ҳунармандон гурӯҳи фейсбукӣ бо суроғаи https://www.facebook.com/groups/hunarmandi/ ташкил карда шудааст.

Дар самти сиёсати ҷавонон низ корҳо тақвият ёфта истода, фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолияти волонтёрӣ дар вилоят бомаром рӯ ба рушд ниҳодааст. Фаъолияти волонтёрии ҳизбӣ аз гурӯҳи тадбирҳое мебошад, ки дар ҳошияи татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ҷиҳати рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва омодасозии кадрӣ пеш гирифта шудааст.

Ба пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд дар нуҳ моҳи соли 2020 аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 137 нафар донишҷӯёни болаёқати донишгоҳҳои ҳудуди вилоят ба маблағи умумии 6866 сомонӣ (ҳар моҳ) стипендияи ҳизбӣ таъсис дода шуд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти таблиғу ташвиқотии сохторҳои ҳизбиро таҳия ва паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 288100 маводи гуногуни чопию видеоӣ ва иттилоотӣ таҳия, чоп ва паҳн гардидаанд. Аз ҷумла, 377 лавҳаҳои сарироҳӣ дар ҳаҷми 1498 м2, 84576 нусха брошюра, 1122993 варақа, 276 барномаҳои телевизионӣ ва 417 мақолаҳои таҳлилӣ дар нашрияҳои даврӣ таҳия ва дар ҳудуди вилоят интишор гардидаанд.

Минбари иттилоотии ҲХДТ-ро дар вилояти Хатлон нашрияи «Ҳамрози халқ» ташкил медиҳад, ки ба он 19160 нафар обуна шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 33 шумора бо теъдоди 10090789 нусха чоп гардида, ба дасти хонанда расидааст, ки он дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10% зиёд чоп мебошад.

Дар ҳамин ҳошия, дар давраи ҳисоботӣ гардиши маводҳои электронӣ аз фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоят 33115 ададро ташкил дод, ки дар таносуб ба шашмоҳаи аввали ҳамин сол 165% зиёд гардидааст. Аз ҷумла дар сомонаи Кумита – www.hkhdtkhatlon.tj 9277 мавод ва саҳифаҳои иҷтимоӣ 11562 маводҳо нашр гардида, тариқи почтаи электронӣ 5900 мактуб ва 233 муроҷиатҳо ирсол/ворид гардида, 4044 тамоси видеоӣ ва аудиоӣ ташкил гардид. Имрӯз дар сатҳи вилоят як сомона, ду саҳифаи иҷтимоӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 1103 саҳифаҳои иҷтимоӣ дар шабакаи Фейсбук, ки ба кормандони ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб вобастаанд, амал мекунанд.

Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳи ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад, ки он дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.

Сохторҳои ҳизбии вилоят бо ҷалби саховатмандону хайрпешагон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ дар арафаи санаҳои таърихӣ ва иду ҷашнвораҳо ба дидори шахсони ниёзманд, аз қабили иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат, маъюбон ва ятимон рафта, онҳоро бо кумакҳои гуногуни пулию моддӣ хуштаъб мегардонанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 20661 нафар кумакҳои хайриявӣ, дар шакли пулӣ, маводи ғизоӣ ва моддӣ расонида шуд, ки маблағи он ба 2069683 сомонӣ баробар аст. Аз ин таносуб 10% кумак ба саҳмгузории кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва 90% дигар ба саҳмгузории саховатмандон рост меояд.

Корҳои ободонӣ, асосан дар доираи аксияҳои ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Саёҳати таҷрибаомӯзию ободонӣ», дар маҷмӯъ зери унвони «Якҷоя месозем!» амалӣ шуда истодаанд.

Дар доираи ҳадафҳои барномавии ҳизб ва бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили корҳои ободонию созандагӣ дар шакли аксияҳои ҳизбӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббускориҳои сохторҳои ҳизбӣ дар доираи аксияҳои эълонгардида 5583 лоиҳа ва ё корҳои ободонӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо ҷалби саховатмандон 307 мактаб (синфхонаҳои алоҳида) дар ҳаҷми 6228 м2 ва 62 боғча (қисмҳои алоҳида) дар ҳаҷми 881 м2 таъмир карда шуданд. Инчунин, 368 км роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш ва 180 км роҳҳо мумфарш карда шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёд мебошад. Таъмири 20 пул дар ҳаҷми 321 метр, обёрикунонии маҳаллаҳо ва ниҳолшинонию тозакунии гирду атроф тариқи фаъолсозии сокинон ва ҷалби соҳибкорону саховатмандон низ ба роҳ монда шудааст.

Аз ин рӯ, дар доираи қарори қабулнамудаи Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон азнавсозии иншооти гигиенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ дар ҳар як хоҷагӣ (манзили истиқоматӣ) бо роҳи ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъмин бо василаҳои методӣ тасмим гирифта шуд. Дар ин росто, то имрӯз аллакай натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд – дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи ахбороти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ 25 иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва шоҳроҳҳо азнавсозӣ карда шудаанд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳо 51 марказҳои ҳунармандӣ бо утоқи раиси кумитаи маҳалла сохта шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон мутаносибан пешрафти муътадил доранд; аксарияти сохторҳо бо бинои маъмурӣ ва автомобилҳои хизматӣ таъмин шуда, чорабиниҳои ҳизбиро дар сатҳи зарурӣ амалӣ менамоянд.

Дар ҳудуди вилоят дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 16 феврали соли 2018 сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тасмим гирифта шуда, имрӯз он то 80% ба иҷро расонида шуд. Яъне, 21 кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо биноҳои маъмурии ҳизбии 2-3 ошёна таъмин карда шуданд.

Дар умум, новобаста аз камбудиҳо, нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи ҳисоботӣ дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2019 барзиёд иҷрошуда арзёбӣ мегардад.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg