КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Файзулло, инчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, фаъолону собиқадорони ҳизб, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбиву давлатӣ ҳузур доштанд.
Нахуст, Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар Конференсияи мазкур як масъала барои баррасӣ пешниҳод гардид. Яъне пешниҳод намудани номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №27.
Дар ифтитоҳ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ба сухан баромада, сухан ба вакили Конференсия аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” Муҳаммадҷони Абдулвоҳид дода шуд.
Дар ҳамин замина аз ҷониби Муҳаммадҷони Абдулвоҳид номзадии Раҳимов Суҳроб ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №25 пешбарӣ карда шуд.
Баъди шунидани тарҷумаи ҳоли номзади пешбаригардида, вакилони, қайд доштанд, ки номзади пешниҳодгардида воқеан, шахси донишманду соҳибтаҷриба буда, барои ободии шаҳри Кӯлоб саҳми худро хоҳад гузошт.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишавандаи қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид.