Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Муротеппаи Ҷамоати деҳоти Фирӯза корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии марҳилаи дуюми бемории коронавирус бо усули «хона ба хона» ба роҳ монда, омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни сокинон фаҳмонида доданд.
Ёдовар шуданд, ки гигиенаи шахсиро ҳатман риоя карда, аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд ва аз ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат даст кашанд. Дар охир ба онҳо маводҳои иттилоотии пешгирии коронавирусро тақсим намуданд.