БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБДАВЛАТИЮ СОҲИБВАТАНӢ АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии  деҳаи Лолазори  Ҷамоати деҳоти Истиқлоли  ноҳияи Носири Хусрав   хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯи “ Соҳибдавлатию соҳибватанӣ  аз  файзу баракати Иҷлосияи тақдирсоз аст”  мулоқот баргузор  гардид.

Дар баргузории  хониши  сиёсӣ  кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  иштирок  намуда,  оид  ба нақши   таърихии  Иҷлосияи  ХУ1 Шӯрои  Олии  Ҷумҳури  Тоҷикистон суханронӣ  карда,  қайд  намуданд, ки  дар ҳама  давру  замон пешрафти ҳаёти  давлат  ва  ҷомеа аз  суботу  амният ва  таъмини  оромиву тартиботи  ҷаъмиятӣ вобастагӣ  дорад.  Дар  раванди  баргузории  Иҷлосия аз  23  масъалаҳои  муҳими  рӯз, яке  аз  онҳо  интихоби раиси  Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон буд, ки  хушбахтона  ба  бахти  мо  миллати  тоҷик  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  арсаи сиёсат омад, ки таъмини  сулҳу  субот, ба  ҳам  овардани  миллат яке  аз  ҳадафҳои  Олии  ин  шахсияти  абармарди миллат буд.  Ҳамаи  он  дастовардҳое, ки  дар  давоми  26  соли амали  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  насиби халқу  давлати  мо  гардид, натиҷаи  сиёсати хирадмандонаю  созандаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ва хираду  заковати  азалии  миллати  тоҷик  мебошад.             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg