БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ҶОМЕА МАҚСАДИ АСОСИИ МОСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Молия”  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни  мулоқот намояндагони ҳизбӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла  пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии каронавирус (СОVID-19) ва пешгирии шомилшавии чавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар ин давраи ҳассос  мо бояд ба қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, истифодаи ниқобҳои  тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ истифода бурда, худ ва дигаронро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоем. Ҳамзамон,  иштирокдорон иброз доштанд, ки ҳатман гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ин раванд корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум дучанд мегардонанд ва баҳри ҳифзи саломатии худ ва ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg