БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён дар деҳаи 60-солагии Тоҷикистон бо иштироки мардуми ватандӯстӣ деҳаи мазкур ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Иштирокдорони ҳашар ба маблағи 6 540 сомонӣ, 1 километру  100 метр роҳҳои дохили деҳаро сангфарш карданд, ки боиси хушҳолии сокинон гардид. Чунки роҳҳои байни деҳа дар фасли зимистону баҳор мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамуд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад, масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, анҷоми амалҳои хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg