БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАСЛИ НАВРАС БОЯД ВАТАНДӮСТУ ХУДШИНОС БОШАНД

Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд.

                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Нахустин чизе, ки кӯдак ба воситаи он олами инсониро дарк мекунад, ба табассуми навозишкорона, аллаи маҳин, чашмони меҳрубон ва дили пурҳарорати модар, инчунин эҳтиром ва рафтори падару модар, мавҷудияти фазои сулҳу оромӣ ва меҳру муҳаббати самимии оилавӣ вобастагӣ дорад.

Масъулият ва вазифаи падару модар дар мавриди таълиму тарбияи фарзандро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба танзим медарорад. Боби дуюм ва моддаи ҳафтуми қонуни мазкур тақозо менамояд, ки “Ҳар волидайн манфиатҳои фарзанди худро ҳимоя намоянд, шакл намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро барои таълиму тарбияи фарзандашон интихоб намоянд, барои баланд бардоштани сифати таълим ва донишандӯзии фарзандонашон дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ иштирок кунанд.

Нуҳ сол сипарӣ мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал аст. Зимни он авзои маорифи кишвар дар самти таълиму тарбияи насли наврас куллан дигаргун гашта, дар ин ҷода натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда шуд. Тавассути ин санади ҳуқуқӣ мақоми оила, маданияти педагогӣ ва имкониятҳои тарбиявии падару модар боло рафт. Яке аз воситаҳои асосии тарбия аз ҷорӣ намудани талаботи ягона дар тарбия вобастагӣ дорад. Ин назария асоси афкори педагогикаи миллии моро таҷассум намуда, донишмандон, шоирону нависандагони форсу тоҷик дар ин ҷода ақидаҳои пурарзиш доранд ва педагогикаи муосир низ онро пайгирӣ менамояд. Мутаассифона, ҳолатҳое мешаванд, ки талаботи муассисаҳои таълимӣ, оила ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас бо ҳам тавъам намеоянд, ҳатто дар як оила рафтору муносибатҳои гуногуни падару модар, бобою бибӣ нисбат ба тарбияи фарзанд ба мушоҳида мерасад. Алакай хеле маълум шудааст, ки падару модарони ҷавон кӯшиш мекунанд, ки ташвиши тарбияи фарзандони худро ба дӯши кӯҳансолон бор кунанд. Гарчанде, ки дар тарбияи фарзанд иштирок намудани бузургсолони оила ҳатмӣ ва зарур бошад, ҳам вале онҷо ҳеҷ вақт дар тарбия мавқеъ ва мақоми падару модарро гирифта наметавонанд.

Дар банди дуюми моддаи панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуфта мешавад, ки «Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад». Ин вазифаҳо маънои васею доманадоре доранд, ки дар онҳо тамоми маҷмӯи талабот ба тарбияи фарзанд ва уҳдадориҳои волидайн ҳамаҷониба инъикос ёфта, татбиқи он аз падару модар дониши амиқ, маданияти баланди маънавию илмӣ, доштани маълумот оид ба муҳимтарин масъалаҳои илми педагогика, хусусиятҳои синну сол, этикаи педагогӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба кори таълиму тарбияро тақозо менамояд.

Барои мушарраф шудан ба чунин ниятҳои наҷиб робитаи мактабу оила бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Кори таълиму тарбия танҳо вазифаи мактабу омӯзгор нест. Падару модар, ки мемори ҷисму ҷон ва ақлу идроки фарзанд маҳсуб меёбанд, аз рӯи нахустини ба дунё омадани кӯдак дар тарбияи ӯ масъулияти бузургро бар дӯш доранд.

Падару модар аз ибтидо бояд нисбат ба тарбияи дурусти кӯдак масъулиятшиносу меҳрубон бошанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, то тавонанд насли солим, худшиносу худогоҳ ва номбардори оила ва миллати хешро ба воя расонанд. Рафтору гуфтор ва кирдори некро фарзанд пеш аз ҳама, аз падару модари худ меомӯзад.

Агар падару модар бо муҳимтарин қонуниятҳои илми педагогика, равоншиносии синнусолӣ, физиология, этикаи педагогика ва масъалаҳои муосири тарбияи миллӣ мусаллаҳ бошанд, тарбия кардан барои онҳо мушкилие ба бор намеорад. Бузургтарин мактаб – мактаби падару модар аст ва бигузор, ин мактаб ҳеҷ гоҳ газанде наёбад.

Шаҳноза Одинаева, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДК ба  номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg