БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НИШОНАИ ПОЙДОРИВУ БАҚОИ ДАВЛАТ МЕБОШАД

    Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодату асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Эмомалӣ Раҳмон                                                                        

                                                                                                                                                                                                                            

АНДЕША.  Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамояд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.

Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад. Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Бо шарофати Истиқлолият ва сулҳу Ваҳдат мардуми мо тавонист, ки нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориро амалӣ намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ камари ҳиммату мардонагӣ бубандад. Сохтмони садҳо километр роҳҳои оҳану мошингард, бунёди садҳо корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург, нақбҳои азим, иншооти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, мактабу беморхонаҳо, рушди соҳаи энергетика, алалхусус, ба кор даровардани агрегати якуми иншооти азими аср – Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи мо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон мебошанд.

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари шаҳру ноҳияҳои мамлакт вусъати тозаро касб карда, татбиқи сифатнокии онҳо бо маром идома дорад.

Моҳи сентябри соли 1991 ба мисли дигар санадҳои муқаддаси кишвар дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Истиқлолияти давлатӣ бо ҳарфҳои зарин дарҷ гардидааст. Истиқлолияти комили давлатро дар кишвар мо дар заҳматҳои шабонарӯзии мардуми шарафманди тоҷик ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.

Аз ин лиҳоз бисёр ба маврид аст, ки сухани Президенти давлати Синегал Абдулло Водиро мисол биёрем. Бубинед, ки он кас атрофи номи Президенти азизамон Эмомалӣ Раҳмон некбинона чӣ гуфтаанд: «Тоҷикон халқи хушбахтанд, зеро Худованд ба онҳо чунин марди оқил ва дурандешро ба ҳайси сарвар ва пуштибон додааст. Таҷрибаи сулҳофаринии ӯ дар таърихи инсоният нодир аст».

Дар ин муддат вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд. Андеша ва садоқати азалии фарзонафарзанди миллати тоҷик, дар симои шахсияти абармарди олами сиёсии ҷаҳон тавонист дар ҳассостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.Имрӯз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони хориҷӣ, ки мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст.

Бошад, ки мо мардуми тоҷик ва Тоҷикистони имрӯз як маром ва як мақсад дошта бошем. Мақсади пойдории сулҳу субот ва ободии Тоҷикистон ба қадри он дастовардҳое, ки бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, бирасем ва кӯшиш намоем, ки бо нияти неку кори ҳалол Тоҷикистони азизамонро нумӯъ ва шукуфоӣ бахшем.

Воқеияти кунунӣ ин аст, ки биёед ба бетарафӣ хотима гузошта, бар зидди хурофот,  бегонапарастиву таассуб ва ҷаҳолату мазҳаббозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем дастаҷамъона ин сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолияти комили кишварро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем, зеро Тоҷикистони азиз хонаи умеди ҳамаи мост!                                                                            

Фирӯз Шарипов, саромӯзгори кафедраи забонҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg