![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20201024_085614.jpg?itok=Rh-EJNEz)
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои ободонӣ дар кӯчаҳои Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук гузаронида шуд.
Дар рафти корҳои ободонӣ аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баҳри ҳифзи беҳдошти фазои экологӣ ва барои саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист кӯчаву роҳравҳоро аз партовҳо тоза намуданд.
Иқдоми мазкур ба хотири ободии як гӯшаи диёр роҳандозӣ гардида, минбаъд низ идома меёбад.