БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ махсусан, пешгирии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби кормандони масъулони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Калинин вохӯрӣ доир намуданд.

Дар суҳбат Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  иштирок ва баромад намуд.

Зимни суҳбат  мавсуф ба сокинон   роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ намудани онро фаҳмонид. Дар рафти суҳбат диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.

Ин иқдоми ҳамарӯза дар байни мардум ба роҳ монда шуда, тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус амалӣ гардонида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg