
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Шифо” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ доир гардид.
Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии болозикр оид ба фаъолияти нуҳмоҳа муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки кормандони ташкилот дар корҳои ҳизбӣ умуман дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар давраи ҳисоботӣ хеле фаъолона иштирок карданд. Дар ин давра бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва бо иқдоми ташкилоти ибтидоии “Шифо” ба 14 нафар собиқадорони ташкилоти ибтидоӣ кумак ба миқдори 3600 сомонӣ расонида шуд.