![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20201007_110752.jpg?itok=_ha2Vyin)
Н.ХУСРАВ. Ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию бунёдкориро ҳаматарафа ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои деҳот ва муҳаё намудани шароити зиндагии осоиштаи сокинон дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» амалӣ гардонида истодаанд. Санаи 22-юми октябр бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии сокинони деҳаи Рӯзиобод Ҷамоати деҳоти Фирӯза Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор намуда, роҳи даромади деҳаро ба масофаи км. сангфарш намуданд.
Сокинони кӯчаҳои деҳа низ иқдом гирифтанд, ки бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи роҳҳои дохили деҳаро сангфарш менамоянд. Ҳамчунин, аз қубури калони обтаъинкунии ноҳия дар масофаи 200 метр ба 20 хона оби тозаи нӯшокӣ гузарониданд.
Аз рафти баргузории Аксия тариқи аксҳо низ бардошта шуд.