БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - БОИГАРИИ ДАВЛАТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан, коронавируси COVID-19 дар ҳудуди ноҳияи Фархор бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуда, бо аҳолӣ оид ба мавзӯи болозикр суҳбат карданд.

Зимни суханронӣ масъулин оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус иброз доштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя кунанд, масъуният (иммунитет)-и организми худро қавӣ нигоҳ доранд. Ҳамчунин ба соҳибкорон ва савдогарони бозор таъкид карда шуданд, ки аз ниқобҳои тиббӣ, маводҳои безараргардонӣ истифода баранд. Ба онҳое, ки дар кӯчаҳо бе ниқоб гаштугузор мекарданд, аз тарафи гурӯҳи корӣ ниқобҳои яккарата ва маҳлулҳои безараргардонӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Инчунин, дар масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg