БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонони Тоҷикистон

НОРАК. Дар доираи  гузаронидани чорабиниҳо ва сазовор истиқбол намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар китобхонаи марказии шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони “Мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” доир гардид. 

Дар вохӯрии мазкур ҷавонон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Варзиш”, “Нурафшон”, “Роҳбалад”, “Маорифчиён”, “Ворисони Сино”, “Шифокорон”, Маркази мубориза бар зидди  ВНМО-и шаҳри Норак  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, дар оғози вохӯрӣ Фирдавс Ғафурзода-роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Норак оид ба нақши ҷавонон дар рушди мамлакат, муборизаи дастаҷамъонаи онҳо бар зидди ВНМО ва дастгириҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони даврони соҳибистиқлол сухан гуфта, иброз дошт, ки дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо аз ҷавонон фақат ду чиз тақозо мешавад, хониши хубу аъло ва хизмати содиқона ба халқу Ватан.

Сипас, кормандони соҳаи тиб аз ташкилотҳои ибтидоии “Ворисони Сино”, “Шифокорон” ва “Маркази мубориза бар зидди  ВНМО”-и шаҳри Норак оид мубориза бар зидди ВНМО суханронӣ намуда, аз ҷавонон баҳри ҳифзи саломатӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисони соҳа даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg