ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки ҳамаи аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои деҳот баргузор гашт.
Дар маҷлис ҷамъбасти нӯҳмоҳа ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2020, фаъолияти баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ суханронӣ карда, барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихзорӣ миннатдорӣ баён намуд.