БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МО ҶАВОНОН АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо хонандагони синфҳои болоии Гимназияи №1 вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни суҳбат масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба тарбияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки хизмати Ватан-Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад.

Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидои ҳизбии болозикр Шералиев Илҳом оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ суханронӣ намуд ва даъват ба амал овард, ки ҷавонон илм биёмӯзанд, дониши худро сайқал диҳанд ва дар оянда номбардори ин Ватану ин миллат гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg