ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID-19 ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтакор” вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро таъкид намуд, ки иҷрои ин ҳама дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати шаҳрвандон мебошад ва мо масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоиди тирамоҳӣ маводи хӯрокаро барои фасли зимистон захира намоем, то ин ки зиндагиамонро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин созем.