БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ВАСЕИ РАЁСАТ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Маҷлиси  васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки узви раёсати  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, муовини аввали раиси ноҳия Зоирзода Маърифат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзозода Исуф, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

Дар маҷлиси Раёсат ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2020 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли равон, баррасии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ ”, мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  Мирзозода Исуф баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюм бошад, намояндаи  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” Ҳамидова Муниса баромад намуда, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар охири маҷлис барои дар сатҳи баланди ташкилию ҳуқуқӣ баргузор намудани чорабиниҳои тарғиботӣ вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолон Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон сарфароз гардонида шуданд. Сипосномаҳоро  муовини аввали раиси ноҳия Зоирзода Маърифат ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ба фаъолон супориданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg