Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти 9 моҳаи Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои семоҳаи чоруми соли ҷорӣ доир гардид, ки дар он аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, фаъолон, кормандони масъули ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар баррасии маҷлис ҷамъбасти нуҳмоҳа ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2020, баррасии баъзе фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроия дар ноҳия баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.
Зимни суҳбат Маҳмадсаид Абдулҳаев раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷалби бештари ҷавонони ташаббускор ва занон ба сафи ҳизб, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроия, риояи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ ибрози андеша намуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис оид ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроия Маҳмадсаид Абдулҳаев оид ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин суҳбат карда, масъалаҳои ба муҳокимаи маҷлиси Раёсат гузошташуда пурра баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид фаъолони Кумитаи иҷроия, ки дар таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ саҳми босазои худро гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.