БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН

АНДЕША. Ҷумҳурии  Тоҷикистони соҳибистиқлол,  дар   4 самт  ба  дастовардҳои  назаррас  ноил гардида,  баҳри   расонидани мардум  ба зиндагии  шоиста  ва сазовор  истиқбол гирифтани 30- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  фарзандони баору  номуси   мамлакат  корҳои  ободонию созандагиро  дар қаламрави   Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ  намуда истодаанд, ки  ин ҳама  аз Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ  шаҳодат медиҳанд. Тавассути  сиёсати  хирадмандонаи Пешвои  муаззами миллат дар муддати   начандон  зиёд ба  давлати рӯ ба тараққӣ    табдил  ёфт, ки  ин дастовардҳо гувоҳи   соҳибистиқлолии  мамлакати мо мебошанд. Имрӯзҳо  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аъзои созмонҳои бонуфузи  байналмилалию ҷаҳонӣ мебошад. Сарвари оқилу  донои мо ҷаҳониёнро  аз куҳантарин будани миллати  мо огоҳ  сохта, тамаддуни беш  аз  5500-сола доштаи  миллати   тоҷикро   дар асоси бозёфтҳои  бостоншиносӣ  ва қарори   “Юнеско”  муаррифӣ   намуда  истодаанд, ки  ин ҳамаи   талошҳои  Пешвои миллат   баҳри  баланд  бардоштан обрӯи  шуҳрати  миллати хеш   дар арсаи  ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз ҷаҳониён  Тоҷикистонро бо номи фарзандони  номдору қаҳрамонашон    мешиносанд, ки   бо шарофати  соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ  гардидем. Баъди амалӣ  гардидани  ҳадафи 4-уми   кишвар Индустриаликунонии  босуръати  мамлакат  аз давлати  аграрӣ  ба давлати саноатӣ  табдил мегардад, ки  дар раванди  амалӣ  гардидани барномаи  мазкур  хизмату  талошҳои  Сарвари мамлакат беназиранд.   Ва тавассути  ин барномаҳои  миёнамуҳлати  ҳизбию  давлатӣ мардуми мамлакатро  ба зиндагии шоиста  хоҳем расонд.  Дар амалиӣ  гардидани  он мо  ҳизбиён   ба Сарвари   оқилу  ғамхор    ва раъиятпарвари  худ  итминони  комил дорем ва он рӯзҳои  фараҳманд  дер нестанду  ба он рӯзҳо  хоҳем  расид.

Мизробова Шаҳло, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg