БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

     «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад».                                       Эмомалӣ Раҳмон

  МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи  ҷаҳонӣ  буда, худро  дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро  дарк намуда, озодӣ ва  ҳуқуқи  шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии  тамоми  миллату  халқиятҳоро эътироф карда, бунёди   ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

АНДЕША. Тоҷикон дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш  бори аввал бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ 6-ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсия принсипҳои роҳбарикунандаро муқаррар мекунад, масъалаҳои  ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳалли равандҳои мухталифи ҷомеа ва таҳкими асосҳои тартиботи ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсия санади асосӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти ҳар давлату кишвари мутамаддину мутараққӣ ба ҳисоб меравад. Дигар санадҳо дар асос ва доираи раводиди он таҳия ва қабул мешаванд. Чунки санади меъёрию ҳуқуқие, ки ба конститутсия мувофиқ нест ва ё ба он мухолиф аст қувва ва эътибори ҳуқуқӣ надорад. Ҳаминро қайд карданиям, ки ин санад барои мардуми мо  санади тақдирсоз аст. Ҳар як  тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад. Таманно дорем, ки Конститутсияи мо бардавому поянда буда, барои кишвари маҳбубамон хизмати арзанда мекунад. Имсол, ки  ба қабули он 26 сол пур мешавад, ҳамаи Шумо ва дар симои  Шумо  тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро табрику муборакбод гуфта, орзуманди рушду нумўи кишвари азизамон мебошам ва дар фаъолияти корию рўзгори  ҳамарўзаи ҳар яки Шумо муваффақияту комёбӣ таманно дорам.                                   

Рамазони Маҳимбек-аъзои маҳфили "Волонтёрони ҳизбӣ"-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg