БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ

АНДЕША.  9-сентябри соли 1991, элон гардидани Истиклолияти  давлатӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти сиёсӣ  ҳуқуқи иқтисоди иҷтимоӣ ва фарханги Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд овард. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардиданд. Истиқлолияти давлатӣ барои рамзҳои давлатӣ, аз қабили Парчам Нишон ва Суруди миллӣ замина гузошт. Эълони Истиқлолият ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардидааст. Тоҷикистон зарурияти таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро ба миён овард.  Зеро таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми  кишвар бидуни Конститутсияи нав ғайриимкон буд. Зеро ҳар кишвар, кишвари мо  ҳам бо ҳамон рушд мекунад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст ва онро халқ дар интихоботи  озоду демократӣ  қабул намудааст. Чунки дар асоси хулосаи коршиносон  як қатор давлатҳои пешрафта ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ,  аз ҷумла СММ ва САХА Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсия ба шумор рафта,  кишварро ба тартиб медарорад. Конститутсия  аз калимаи лотинии CONSTITUTION- муқаррарот, сохтор гирифта шуда, маънои сарчашмаи  ҳуқуқи дорои эътибори юридикӣ дорад. Аввалин ибораи Конститутсия  дар Рими қадим, ки он вақт онро  санади муҳими шоҳон, ки муносибатҳои  сохтори давлатиро танзим карда, онро Конститутсия мегуфтанд. Аввалин  Конститутсия  соли 1787 дар ИМА ва соли 1779 дар Полша ва Франсия қабул шуд ва баъдан он Шветсия, Венесуела, Испания, Норвегия, Нидерландия, Белгия, Люксенбург давра ба давра инқилобҳо гузашта қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   10 боб  100 модда иборат аст.

Ба хулосаи ман бе Конститутсия ва қонунҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонанд. Конститутсия ягона санади меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки тартиботи ҷамъиятиро ба низом дароварда, дар пойдории сулҳу оромии ҷамъият нақши калидӣ мебозад.

Маҳмудов Рустам, аъзои маҳфили “Волонтёрони хизбӣ” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg