БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУСУСИЯТҲОИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУТСИЯ

АНДЕША. Қувваи олии ҳуқуқии конститутсия дар ҷамъи хусусиятҳои ҳуқуқии он ниҳон аст, ки онҳо дар якҷоягӣ мавқеи конститутсияро дар низоми ҳуқуқй ва қонунгузорӣ, дар байни санадҳои олии ҳуқуқӣ-сиёсӣ муайян менамоянд.

Конститутсия на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад. Конститутсияи Тоҷикистон дорои ҳамаи он хусусиятҳое, мебошад, ки умуман ба қонунҳо хосанд. Баробари ин, ӯ хосиятҳои ҳуқуқие дорад, ки қонуни махсус будан ва нисбат ба дигар қонунҳо бартарӣ ва қувваи махсуси ҳуқуқӣ доштани ӯро нишон медиҳанд. Ин хусусиятҳои махсуси ҳуқуқии Конститутсияи Тоҷикистон чунинанд:

  1. Меъёрҳои конститутсия сарчашмаи асосгузорандаи на фақат соҳаи ҳуқуқи конститутсионии ҶТ, балки ҳамаи дигар соҳаҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ: маъмурӣ, маданй, ҷиноӣ, оила, меҳнатӣ, экология, молия ва ғайра мебошанд. Онҳо чӣ бевосита ва чӣ ба воситаи меъёрҳоои ҳамаи дигар соҳаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон татбиқ мегарданд;
  2. Ҳамчун манбаи асосии қонунгузории ҷорӣ бештар вақт худи Конститутсия қабули ин ё он қонуни ҷумҳуриро муқаррар мекунад. Конститутсияи ҶТ чӣ қабули қонунҳои ҷорӣ ва чӣ қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ мекунад. Масалан, мувофиқи моддаи 7 тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои марзию маъмуриро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд. Конститутсия қабули зиёда аз даҳ қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ кардааст;
  3. Қонунҳои ҷорӣ бояд бо конститутсия мувофиқ оянд, дар ҳолати мувофиқ наомадан, меъёрҳои конститутсионӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар сандаҳои ҳуқуқие, ки хилофи конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд;
  4. Конститутсияи Тоҷикистон бояд ба меъёрҳои санадҳои эътирофшудаи байналмилалй мувофиқат кунад. Санадҳои байналмиллалие, ки хилофи Конститутсия Тоҷикистон мебошад, набояд аз тарафи Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқирт ҷумҳуртзро ташкил медиҳанд;
  5. Ҳамаи санадҳон зериқонуние, ки дар Тоҷикистон бароварда мешаванд, набояд бар хилофи конститутсия бошанд, дар ҳолати ба конститутсия мувофиқ наомадан, қувваи ҳуқуқии он эътироф карда намешавад;
  6. Мақомоти қонунгузории Тоҷикистон, шахсони мансабдори олии давлатӣ ҳамон санадҳои ҳуқуқиеро бароварда метавонанд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон, пешбинӣ шудаанд. Масалан, Президент мувофиқи моддаи 70 Конститутсия дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад;
  7. Конститутсия бо ҳамон тартибе, ки пешбинӣ кардааст, аз тарафи субъектони ӯ муқаррар карда, тагйир дода мешавад. Тартиби қабули конститутсия дар худи ӯ ё ки дар қонуни конститутсионии махсус муқаррар карда мешавад.

Конститутсияи ҶТ соли 1994 низ баъзе меъёрҳои хусусияти барномавӣ доштаро дар бар мегирад. Масалан, дар муқаддимаи он нишон дода шудааст, ки халқи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медиҳад. Бо ҳамин монанд меъёрҳои хусусияти эъломиявӣ дошта дар он зиёданд. Масалан, дар қисми дуюми моддаи 1 Конститутсия эълон карда шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, давлат барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон ба уҳдаи ин вазифа фақат дар ояндаи дур баромада метавонад. Дар ин Конститутсия меъёрҳои хусусияти барномавӣ ва эъломиявӣ бештар вақт якҷоя омадаанд.

Меъёрҳои конститутсия хусусияти муҳими таъсискунӣ доранд. Дар онҳо ҳар гуна шаклҳои идоракунии сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, усулу заминаи нави ҳаёти сиёсӣ ва

иҷтимоию иқтисодӣ муқаррар карда мешаванд. Масалан, дар Конститутсияи Тоҷикистон якумин бор давлати ягона ва иҷтимоӣ эълон гардидааст, усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд эълон карда шуда, дар дараҷаи муайян усули татбиқи он муқаррар карда шудааст. Конститутсияи нав низоми нави мақомоти қонунгузор ва иҷроияро муқаррар карда, доираи салоҳияти онҳоро муайян намудааст.

Таҳқиқкунандагони падидаи конститутсия хусусиятҳои гуногуни онро, аз ҷумла, бо шакли ҳуқуқӣ: навишта шуда ва навишта нашуда, тақдимшуда (аз тарафи шоҳ) ва такдим нашуда (аз тарафи халқ бевосита ё ба воситаи мақомоти намояндагӣ қабул шуда); бо тартиби тагйир додан: қатъӣ (яъне бо роҳи мураккаб тағйирёбанда) ва чандир (бо роҳи содда тағйирёбанда); бо дараҷаи саҳеҳӣ: воқеӣ (ҳақиқӣ) ва қалбакӣ; бо шакли сохтори давлатӣ: иттифоқӣ (федеративӣ) ва ягона (унитарӣ) ва ғайраҳо мавзӯи таҳқиқ қарор медиҳанд. Дар хусуси меъёрҳои конститутсия бошад, онҳоро ба демократӣ ва ғайри демократӣ ва гайра тақсим мекунанд.

Қосимов Маҳмадраҷаб, аъзои маҳфили волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg