БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ШАРАФ АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  дар ташкилоти ибтидоии “Неругоҳи обии барқии Сарбанд” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидои маҷлиси ҷамъбастӣ доир намуданд.

Назарова Фароғат муовини раиси Кумитаи иҷроия  ба сухан баромада, иброз дошт, ки ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои сулҳу субот,  осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ дар нисбат ба дигар кишварҳо ба маротиб арзон аст. Пас агар муқоиса кунем, аз ҳама барқи арзон дорем ва мебояд ба қадри он бирасем.Сипас, дигар баромадкунандагон низ вобаста ба масъалаҳои муҳим фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg