БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ БАРХӮРДОР ГАРДИДАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  дар якҷоягӣ бо  кормандони бахши ҷавонон ва варзиш дар маркази ноҳияи Кӯшониён бо усули “рӯ ба рӯ”  вохӯрӣ  гузарониданд.

Масъулин дар вохӯриҳояшон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ба зироаткорӣ, вусъати ҷамъоварии  маҳсулоти  кишоварзӣ аз ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин, вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву ободонӣ бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон суханронӣ намуда, сокинонро ба риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.

Ҳамзамон, ба хотири  маълумоти бештар доштани сокинон аз масъалаҳои мубрами рӯз ба онҳо  маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои тибии ройгон тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg