БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚИ ТОҶИК БА ДАССИСАҲОИ ДУШМАНОН ҲЕҶ ГОҲ ФИРЕФТА НАМЕШАВАД!

ВОКУНИШ. Ба ҳамагон маълум аст, ки тайи 29 сол аст, ки Тоҷикистони азиз, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон сулҳ, оромӣ, дӯстиву ҳамдилӣ сол аз сол мустаҳкамтар шуда, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қавитару афзунтар шуда истодааст. Ин ҳама натиҷаи сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнату заҳмати бунёдкоронаи халқи Тоҷикистон мебошад. Ин ҳолат ба як гурӯҳ хоинони давлату миллат маъқул нест. Онҳо муваффақияти Тоҷикистонро дида наметавонанд. Бо ҳар гуна роҳу усулҳо барои муташанниҷ сохтани вазъи кишвари мо ҳаракат мекунанд. Онҳо бо ҳамин мақсад дар хориҷи кишвар якчанд созмону ҳаракатҳои экстремистию террористиро ташкил намудаанд. Яке аз онҳо Паймони миллӣ мебошад. Ин ташкилоти ифротӣ барои  фаъолияти хоинонаи худ нисбат ба халқу давлати Тоҷикистон ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карда шудааст. Роҳбарон ва бисёр аз аъзои ин ҳизб дини муқаддаси Исломро ба худ ниқоб карда, дар қаламрави кишвар бисёр хунрезиҳо, одамкушиҳо бетартибиҳоро содир намудаанд. 16-уми сентябри соли ҷорӣ, роҳбари ҳизби экстремистию террористӣ Муҳиддин Кабирӣ, дар хориҷа баромад намуда, худро ҳамчун ҳимоятгари демократия, ғамхори халқи тоҷик нишон доданӣ шуд. Вале чеҳраи ҳақиқии ин хоини халқу миллат ва давлати тоҷикро мардум аллакай хуб фаҳмидааст. Мақсади онҳо, ки бо роҳи зӯроварӣ, куштору хунрезӣ давлати қонунии Тоҷикистонро барҳам дода, ба ҷойи ӯ давлати исломӣ ташкил додан мебошад. Халқи тоҷик, тамоми аҳолии кишвар ба чунин дассисаҳои душманон ҳеҷ гоҳ фирефта намешаванд. Мо ба Пешвои худ, ба давлати худ ҳамеша содиқ мемонем. Ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи Истиқлолият ва якпорчагии Ватани азизи худ-Тоҷикистон ҳамеша омода бошем. Доимо сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намоем.

Азимов Ҳошим, директори МТМУ №15-и ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg