БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ ДАР ҶАМЪБАСТИ 9 МОҲАИ СОЛИ 2020

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз таҳти раисикунанда Одиназода Ҳуснигул раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси ҷамъбасти 9 моҳаи соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар семоҳаи чорум доир гардид, ки дар он аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроия ва раисони ташкилотҳоли ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд. 

Дар барассии маҷлис ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар 9 моҳи соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ барои се моҳаи чорум баррасӣ карда шуд. Инчунин, дар маҷлис қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ду маъракаи муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози таърихӣ интихоботи вакилон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид ва дар баргузории ин чорабиниҳо саҳми босазои аъзои ҲХДТ дар ноҳия бараъло дида шуд. Сипас, раисони ташкилотҳои ибтидоии «Маорифчиён», «Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл» ва аъзои  гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия С.Сафарзода ба музокира баромада, оид ба фаъолияти худ дар 9 моҳи сипаришуда ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом ба аъзои фаъоли Ситоди пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар таттбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи  вилоятӣ ва ноҳиявӣ тақдим карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg