ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилотҳо баргузор гардида истодаанд.
Ин навбат ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №55”-и деҳаи ба номи Рамазон Файзови Ҷамоати деҳоти Тугарак баргузор гардид.
Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шунида шуда, баъдан масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар нуҳ моҳи соли равон қаноатманд ҳисобида, ба онҳо дар корҳои минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно карданд.