БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ БОЛАЁҚАТ БА САФИ ҲХДТ ПАЙВАСТАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии деҳаи “Шоҳбика”-и Ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис аз ҷониби  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботи нӯҳмоҳаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд.

Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мо кормандон ва фаъолони ҳизбӣ бояд доимо баҳри пешравии кишвари азизамон талош намоем ва ҳама кӯшишу ғайрат ва заҳмату меҳнати мо баҳри ободию гулгулшукуфии Ватани азизамон бошаду дар пайи ҳифзу нигоҳдории сулҳу амонӣ бошем.

Дар охир ба 10 нафар ҷавононе, ки аризаҳои худро барои қабул шудан ба сафи ҲХДТ пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg