БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ НУҲМОҲА БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш маҷлиси ҷамъбасти 9 моҳаи Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳия ва вазифаҳои навбатӣ дар се моҳаи чоруми соли ҷорӣ доир гардид, ки дар он аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии иштирок намуданд.

Дар маҷлис фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2020, фаъолияти баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ”, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ гузаронидани маъракаи «Обуна 2021» ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва масъалаҳои ҷорӣ гузошта шуда буд. Аз рӯи масъалаи якум муовини раис -мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроия  Исмоил Ҷалилов оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроия  ҳисобот дода, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ маъракаи муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози таърихӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид ва дар баргузории ин чорабиниҳо саҳми босазои аъзои ҲХДТ дар ноҳия бараъло дида шуд.

Дар фарҷом аъзои фаъоли ҲХДТ ҳамзамон ба волонтёрон ва шахсоне, ки дар сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо Сипосномаи ҳизбӣ  сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg