ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо усули “хона ба хона” дар Маҳаллаи №1 - и Ҷамоати шаҳраки Совет ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ба сокинон варақаҳои таблиғотиро расониданд, то мардум аз онҳо маълумоти бештар гиранд. Ба андешаи мутахассисон ҳама гуна бемориҳои сироятӣ дар фаслҳои тирамоҳу баҳор хуруҷ карда, ба саломатии инсон бетаъсир намемонад. Аз ин лиҳоз, лозим аст, ки дар ин фаслҳо худро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва истеъмоли ғизои солим аз бемориҳо ҳимоя намоем.
Ҳамзамон, дар ин раванд аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва оилаи худро бо маводи озуқаворӣ дар фасли сармо таъмин созанд.