ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии рушди дубораи бемории сироятии COVID -19 ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ андешаронӣ кард.
Дар рафти иттилоърасонӣ ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва варақаи иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.