ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён маҷлиси ташкилоти ибтидоии "Дӯстон" оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи ин ташкилот баргузор гардид.
Сараввал ҷамъомадагон ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Дӯстон"- ро дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нӯҳ моҳи соли 2020 шунида, баъдан қарорҳои лозимаро қабул намуданд.
Ҳамзамон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба роҳбари ташкилот, аз ҷумла аъзои ташкилоти ибтидоӣ барои саҳми арзандаашон дар баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдори намуда, пирузии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барояшон муборакбод намуд.