ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ"-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид.
Зимнан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботи худро оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қироат намуда, иброз дошт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем ва минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки сафи аъзои ҲХДТ-ро зиёд намуда, дар пешрафти Ватани азизу маҳбубамон саҳмгузор бошем.