БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ҲИССАГУЗОР БОШЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломати”-и Навободи Ҷамоати деҳоти Тугарак ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ доир гардид.  

Ҳамзамон, масъулин иброз намуданд, ки пешрафту суботи ҷомеа маҳз дар дасти мо ҷавонон ва аъзои фаъоли ҲХДТ мебошад. Бинобар ин моро зарур аст барои пешрафт ва гулгулшукуфоии Ваатани хеш талош намуда, кишвари маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ  муаррифӣ намоем.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти нӯҳмоҳи ташкилот ҳисобот дода, иброз намуд, ки ҳамаи мо кормандон фаъолияти худро баҳри солимии ҷомеа равона менамоем ва барои зиндагии шоиста ҳиссагузор мебошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg