ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «МТМУ№2»-и деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бо маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботи худро дар назди ҷамъомадагон хонда, иброз намуд, ки шукронаи тинҷиву оромии ин кишвар менамоем, ки ҳама дар фазои сулҳу субот оромона зиндагӣ ва кору фаъолият дорем. Бинобар ин минбаъд низ мо кормандон саъй менамоем то баҳри ободии ин сарзамини биҳиштосо бо меҳнати софдилонаи худ дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми худро гузорем.