БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАРИМИ ХОНАВОДАГИИ КАБИРӢ ЧУН СИЁСАТАШ БӮЙГИН АСТ!

ВОКУНИШ. Нақзи ҳуқуқу озодиҳои занон яке аз масъалаҳои мубрамест, ки  тамоми ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш овардааст. Новобаста аз шакли идораи давлатӣ эҳсос мешавад, ки на ҳама ба ин масъалаи ҳассос эътибори лозимӣ медиҳанд.

Дар ин замина бобати баробарии гендерӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои занону бонувон  тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасеро рӯи даст гирифта, бобати пешгирии ҳама гуна зӯроварию хушунат дар оилаю ҷомеа як қатор барномаҳои дахлдор дар ин самти фаъолият қабул гардиданд ва раванди ислоҳоти қонунгузорӣ бори дигар аз шукӯҳу шаҳомат, фазлу манзалат ва ҳуқуқу озодиҳои зан-модарони мо башорат дода, собит месозад, ки давлат ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зан-модар ҳеҷ гоҳ бетаваҷҷуҳ нест. Мутаассифона домани макру хурофот, занбадбинӣ як падидаи номатлуби ҷомеа аз даврони гузашта миёни гурӯҳҳои тундрави исломӣ боқӣ мондааст. Ва ин чеҳраю чунин тарзи муносибати ғашин дар тафаккури аксари тарафдорон ва ҳаводорони «сиёсати» ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом мақоми калидӣ дорад.

Метавон чунин хулосаро аз шунидани сабти овозии роҳбари худкомаю сарсахтӣ ба ном паймони миллӣ «оғо»-и Кабирӣ бо як зан-бонуи ҳамзабони мо ба осонӣ дарк кард. Шеваи гуфтор, муносибати ғаш, такаббуру худонотарсӣ, алфози қабеҳ асосан маҳаки асосии ин гуфтор маҳсуб ёфта, бори дигар инсони рӯшанфикр эҳсос мекунад, ки ин тоифа «мухолифин» ба ҳеҷ ваҷҳ хостгори оромию осудагӣ ва пешрафту тараққии кишвар нестанд.

Домони макру ҳилла, хиёнату такаббур, тавтеаву бадгуфторӣ чеҳраи асосии «мухолифи  рақами як»-и наҳзатиро пеши ҳар яки мо ба хубӣ исбот месозад ва метавон ҳадс зад, ки шахсе ҳарими хонаводагии орому осуда надорад ҷомеаро аз роҳи сулҳу амният, рафоқату шафқат ва якдигарбахшӣ оё метавонад, ки идора кунад? Ин суоле ҳаст, ки ҳар як инсони худотарсу худогоҳро ба фикр кардан таҳрик медиҳад.

Ман фикр мекунам, ки аксари мухолифини гурезпойи аврупоӣ чунин тафаккуру андеша дорад ва  ҳар як суҳбатҳои видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд ҳолати воқеии масъаларо аз назари равонӣ собит месозад. Баъзе аз тарафдорони аршади наҳзатӣ барои ворастани «роҳбари сиёсатмадорашон» аз ин вартаи сангин  аллакай муборизаҳои  аблаҳонаю сарсарӣ ва дур аз оддитарин фарҳанги инсонию исломиро оғоз кардаанд ва фикр мекунанд, ки бо ин роҳ обрӯи рехтаю вуҷуднадоштаи худу роҳбарашон барқарор мегардад, вале хестанд, ки хобанд. Ҳатто як нафар ҷангалриши дигар бо исми Сулаймон Давлатов бе шарму ҳайё ва дур аз фарҳанги динию инсонӣ дар пасманзари ворастани «сиёсатмадори рақами як» Муҳиддин Кабирӣ алами Мӯсоро аз Асо гирифта, нисбати паҳнкунандаи ин ахбор бо лафзи фаҳш чӣ қадар носазо мегӯяд ва намедонад, ки имрӯз назди ҷомеаи мадании мо ҳамаи ба ном диндорони гурезпо, ки динро дастаки сиёсӣ намуда, дар пайи пиёдасозии ормонҳои ҷинояткоронаашон ҳастанд, дигар мақому мартаба надоранд. Воқеан, муносибати хонаводагӣ ҳарими муайяни худро дорад, вале на ба он маъно, ки аз ҷинси латиф ба гунаи коло истифода кард. Гарчанде ин арзиш барои аъзои сарсахти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат маъно надорад, вале мо ба қадру манзалат, ҳуқуқу озодӣ, ҷинсияту латифияти зан-модар қоимем. Сониян, дигар куҷо мемонад даъвои  сатру ҳиҷоб, «сиёсати занпарваронаи наҳзатӣ», насиҳату ҳадисҳои паёмбари охирулзамони ислом ва риояи қонуниятҳои ислом, ки дар Қуръони азимушшаън мақому мартабаи занро ба таври возеҳу рӯшан муайян сохтааст. Маълум мегардад, ки ин тоифа асолатбохтагон на худ ҳайсият доранду на дигаронро мемонанд, ки дар масири сиёсат амал кунанд.

Вақте ки Кабирию тарафдоронаш ба оддитарин нигоштаҳои исломи ноб эҳтиром надорад, дигар метавон ин тудаи гумроҳро дар дигар масъалаҳои сиёсати давлатдорӣ бовар кард? На асло не!

Боварам ба ин аст, ки айни ҳол аъзо ва тарафдорони ба ном паймони миллӣ дар фикри аз мушкилот ворастани бути нозанинашон ҳастанд ва роҳҳои афзалиятноки аз бунбаст баромаданро ҷӯёанд. Вале ҳақиқат он аст, ки  муносибати маҳрамонаю дур аз одоби инсонии ӯ назди бинандаю шунаванда чун об рӯшан аст. Ва, воқеан ҳарими хонаводагӣ сарҳад дорад, на ба он гунае, ки аз зан-модар, пузиш металабам, ҳамчун ҳайвон истифода кард. Зери ҳар як калимаи баёндоштаи бонуи мусоҳиб ҳазорҳо макру ҳиял, озори ҷинсию равонии дур аз одоби инсонӣ аён буд, ки ибрози онҳоро ин ҷо салоҳ намедонам. Ба он хотир, ки мо Кабирию кабирипарасту пастфитрат нестем.

Боқӣ, қазоват аз ту хонандаи азиз! Барои шунидани сабти пурраи муносибати маҳрамонаи Кабирӣ метавонед аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намоед ва худ эҳсос хоҳед кард, ки ин «сиёсатмадор» то чӣ андоза манфуру бешараф аст! 

Толибҷон Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg