БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ДӮСТӢ”

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳа дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун маҷлиси ҷамбастӣ доир гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Асақолзода Муродбек оғоз намуда қайд кард, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизб дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳамчунин аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр Нодирзода Ислом ба сухан баромада, иброз доштанд, ки ҳамаи мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки мардум бо амри дил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, номзади арзандаи худро интихоб намуданд. Албатта, ба ҳама аён аст, ки Пешвои муаззами миллат дар байни сокинон чӣ қадар обрӯву нуфуз доранд ва мардум низ бо боварӣ ва эътимоди комил барои ободии Тоҷикистони азиз овози худро дареғ надоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg