
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрузи Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Дар маҷлиси Раёсат ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2020 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли равон, баррасии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даштигуло”, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм бошад, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даштигуло” Исматов Ҳабибулло баромад карда, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар охири маҷлис барои дар сатҳи баланди ташкилию ҳуқуқӣ баргузор намудани чорабиниҳои тарғиботӣ вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Сипосномаҳоро раиси ноҳия Одиназода Бозорали Неъмат ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрузи Абдулло ба фаъолон супориданд.