БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ идома дошта, ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи пӯст" баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо  занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, Дилноза Шоева ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи пӯст"  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада,  таъкид кард, ки ин сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият, ки бо ҷонбизиҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, нагузорем, ки ягон нохалафе ин Ватани аҷдодии моро вайрону валангор созад. Сипас, дигар баромадкунандагон низ вобаста ба масъалаҳои муҳим фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg