БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқотҳо доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор  гардида  истодааст.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МТТҲС"-и шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир карданд. Дар рафти суҳбат ба ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози ақида намуда, гуфтанд, ки ҲХДТ масъулияти олии ватансозиро бар дӯш дорад ва мо ҳизбиён бояд ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии Ватан беш аз пеш нисбати дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошем. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат рӯз то рӯз гул-гул шукуфта истодааст. Моро лозим аст, ки дар зери ин сиёсат муттаҳид шуда, ба халқу Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg